Озарбойҷон — яке аз кишварҳои Осиё ва Аврупо аст. Номи расмиаш Республикаи Озарбойҷон (озарбойҷонӣ: Azərbaycan Respublikası) аст. Аҳолияш беш аз 9 миллион нафарро ташкил медиҳад[2], ва масоҳаташ 86 600 км² аст. Бо ин ду нишондиҳанда яке аз кишварҳои калонтарини минтақа ба шумор меравад. Аз рӯи шумораи аҳолӣ дар ҷаҳон дар ҷои наваду якум, ва аз рӯи масоҳат дар ҷои яксаду дувоздаҳум меистад. Пойтахти кишвар шаҳри Боку аст. Забони давлатиаш озарбойҷонӣ мебошад. Озарбойҷон давлати дунявӣ аст. Аксарияти аҳолии кишвар пайравони дини Ислом ҳастанд. Ақалият - пайравони дини Масеҳӣ ва Яҳудӣ ҳастанд. Озарбойҷон давлати унитарӣ ва республикаи президентӣ аст. Моҳи октябри 2003 президенти кишвар Илҳом Алиев интихоб гашт. Давлати Озарбойҷон ба 66 район, 11 шаҳри тобеъи республика ва 1 республикаи худмухтор (Республикаи Худмухтори Нахчивон) тақсим мешавад. Як қисми масоҳати Озарбойҷон аз тарафи Республикаи эътироф нашудаи Қаробоғи Кӯҳистонӣ идора карда мешавад, ва қисми дигараш, ки аз эксклавҳои Кяркӣ, Бархудорлӣ, Софулу, ва Аскипараи Боло иборат аст, аз тарафи Арманистон идора карда мешавад. Ба баҳри Каспӣ баромад дорад. Бо Русия, Гурҷистон, Арманистон ва Эрон ҳамсарҳад аст. Республикаи Худмухтори Нахчивон, ки эксклави Озарбойҷон аст, дар шимолу-шарқ бо Арманистон, дар ҷанубу-ғарб бо Эрон ва дар шимолу-ғарб бо Туркия ҳамсарҳад аст. Асъори миллиаш манати Озарбойҷонӣ аст. Истиқлолияти кишвар 28 майи 1918 эълон шуда аст. Соли 1918 кишвар Республикаи Демократии Озарбойҷон эълон шуда буд, ва аз ин сабаб аввалин республикаи демократии дунявӣ дар қатори давлатҳои мусулмон номида мешавад[3]. Соли 1920 Озарбойҷон ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Озарбойҷон дохил шуд. Баъдан, 18 октябри 1991 Озарбойҷон истиқлолияти худро аз ИҶШС эълон кард. Таърихи ном Номи «Озарбойҷон» (аниқтараш — «Азарбайҷан») шакли арабишудаи порсӣ: Āδarbāδāgān (Āδarbāyagān) аст, ки ба Āturpātākān-и форсии миёна рафта мерасад. Āturpātākān ҷойноме аст, ки аз номи сатрапи охирини Ҳахоманишиҳои Мидия Атропата (Āturpāt) пайдо шудааст, ки бори нахуст дар соли 320 то милод, дар қисми шимолии Мидия давлати мустақили Атропатенаро бунёд кардааст[4] (территорияи ҳозира Озарбойҷони Эрон). Истилоҳи Āturpātākān ба воситаи пасванди патронимикии форсии миёнаи -akān аз номи Āturpāt < форс.-қадим. *Āturpāta — (айн. «бо оташ (и муқаддас) муҳофиза шуда») сохта шудааст[5]. Баъдан, номи аввалаи давлат, ки «Мад-и-Атурпаткан» («Мидияи Атропат») буд, бо гузашти замон ба Атурпатакан > Адарбаган > Азарбайҷан тағйир ёфтааст. (Бори нахуст дар манбаи эронии асри III ба номбар карда шудааст)[4] [6]. Номи Озарбойҷон аз забони форсӣ ба маънои «муҳофизаткунандаи оташ» (азар — «оташ», бадаган — «муҳофизаткунандаи») тарҷума мешавад, ва бо оини оташпарастии қадима пайвастагӣ дорад[4]. Баъди истилои Эрон аз тарафи хилофати Араб дар асрҳои VII—VIII топоними Āturpātākān бо таъсири забони арабӣ ба шакли «Азарбайҷан» (آذربایجان) тағйир ёфт. Таърих Давраи пеш аз таърих Шароити мусоиди табииву ҷуғрофӣ имком фароҳам овардааст, ки инсоният дар ин ҷой аз давраҳои қадимтарин ҷойгир шаванд. Шумори зиёдтарини бошгоҳҳои инсони қадим дар Қаробоғ, Казах ва Нахчивон дарёфт шудаад. Дар Қаробоғ бозёфтҳои арзишдор дар ғорҳои Азих, Таглар ва Зар дарёфт шудаанд. Дар ноҳияи Казах дар ғорҳои Дашсалахлӣ ва Дамҷилӣ, ва инчунин дар бошгоҳҳои Шишгузей ва Кекиллӣ олоти меҳнат ва дигар пасмондаҳои моддӣ дарёфт шудаанд. Бошгоҳҳои одамони даври санг, инчунин, дар минтақаи Толиш низ дарёфт шудаанд. Албанияи Қафқозӣ Дар давраи қадим дар минтақаи Республикаи Озарбойҷони ҳозира албанҳои қафқозӣ зиндагӣ мекарданд[7], ки аз рӯи ақидаи муҳаққиқон ба забонҳои лезгинӣ муошират мекарданд[8]. Ҳамин тавр, дар асоси маълумоти забоншиносӣ, гуфтан мумкин аст, ки ба авлоди имрӯза инҳо дохил мешаванд: лезгинҳо, ҳалқи Шаҳдаг ва удиҳо (динашонро низ нигоҳ доштаанд)[9]. Аз рӯи маълумоти антропологӣ ба типи каспигии нажоди аврупоӣ дохил мешуданд [10]. Ба ин тип озарбойҷониҳо дохил мешаванд[11]. Албаниҳо, аз рӯи ақидаи баъзе муҳаққиқон, пештар ба сатрапи Ҳахоманишии Мидия тобеъ буданд, ва баъди сарнагун шудани давлати Ҳахоманишиҳо ба шоҳҳои Атропатена (дар Озарбойҷони Эрон) тобеъ гаштаанд. Дар аввали асри II то милод тамоми қисми шарқии Озарбойҷони ҳозира, ҷанубтар аз дарёи Кура то омехтани он бо Аракс, ки дар он қабилаҳои гуногуни албанӣ менишастанд, аз тарафи Арманистони Бузург истило карда шуд.[12] Дар аввали асри IV иттифоқи қабилавии албанӣ ба вуҷуд омад, , ки он дар охири асри II то милод [13] (аз рӯи маълумоти дигар дар миёнаи асри I) [14] шакли давлатро гирифта аст. Дар минтақаи назди Каспӣ забони мидии миёна дар гуфтугузор буд, ки аз он забони толишии ҳозира баромадааст.[15], лекин аз рӯи шоҳидии ҷуғрофишиносон ва таърихшиносони араби он давра, аз ҷумла Истаҳри, Ибн-Ҳавкал, Муққадасӣ ва дигарон, забони албанӣ дар асри X дар пойтахт, дар шаҳри Барда истифода мешуд. Ҳамон сарчашмаҳои араб, инчунин маълумот медиҳанд, ки дар он тарафи Барда ва Шамкур (Қаробоғи Кӯҳӣ) арманиҳо зиндагӣ мекарданд[16]. Шоҳигарии Албан тобеи Сосониён ва дертар, соли 457 аз тарафи Сосониён барҳам дода шуд. Лекин, тадриҷан, Албанҳо тавонистанд мустақилияти нисбиро ба даст оваранд. Дар асри VII шоҳигарии Албан аз тарафи арабҳо забт карда шуд[17]. «Аҳолии дар соҳили чап воқеъ будаи шоҳигарии Албан, ки аз ҷиҳати нажодӣ гуногунрангӣ дошт, дар ин вақт бештар ба забони форсӣ мегузарад. Хусусан ин ҳолат дар шаҳрҳои Арон ва Шервон дида мешавад, ки дар асрҳои IX—X чунин ном гирифтаанд (ду ноҳияи асосӣ дар минтақаи Озарбойҷон). Аҳолии рустоӣ бошад, аз рӯи мушоҳида, аксаран, муддати дароз то кунун забонҳои куҳани худро ҳифз кардаанд, ки бо забонҳои имрӯзаи Доғистон, пеш аз ҳама забони лезгинӣ, хешовандӣ доранд»[8][18]. Давлати Шервоншоҳон Бо суст гаштани таъсири хилофати Араб дар Қафқози Ҷанубӣ дар асрҳои IX—X пешравии сиёсии наве оғоз ёфт: дар минтақаи Озарбойҷони ҳозира давлатҳои Шервоншоҳон ташкил ёфтанд, ва дертар давлати Шаддодиён (Аморати Ганҷа) барпо шуд, ки он қисман ба аморатҳои сулолаҳои исломии эронии Солориён ва Раводиён дохил мешуд. Дар асри VIII қисми асосии аҳолии шоҳигарии Албани Қафқоз аз тарафи Хилофат ба ислом гардонида шуд. Ворид шудани туркон ба шарқи Қафқози ҷанубӣ ба туркишавии қисми калони аҳолии таҳҷоя оварда расонд, ва дар асрҳои XI—XIII шаклгирии миллатҳои туркзабони Озарбойҷонро оғоз бахшид. Дар равиши этногенези озарбойҷониҳо миллатҳои эронӣ, ва инчунин, албанҳои қафқозӣ ва дигар миллатҳои қафқозизабон иштирок кардаанд. Шаклгирии миллати озарбойҷонӣ асосан дар охири асри XV ба охир расида аст [19]. Отабекҳои Озарбойҷон Соли 1136 бо барҳам хурдани давлати Салҷуқиён давлати қипчоқи сулолаи Илдагизиҳо ба вуҷуд омад. Илдагизиҳо унвони Отабекҳои Озарбойҷонро (Отабекҳои Бузурги Озарбойҷон, Атабакан-е-Азам) доштанд, ва пойтахташон дар Тебрез, Ардабил ва Нахчивон буд. Отабекҳо зери ҳокимияти худ қисмҳои асосии Озарбойҷони Эрон ва ҳозира республикаи Озарбойҷонро муттаҳид сохтанд [20]. То соли 1194 ҳамчун тобеъони султонҳои ғарбии салҷуқи (ироқӣ) дониста мешуданд.[21] Ин давлат аз дасти Хоразмшоҳ Джалол уд-Дин Манқбурнӣ соли 1225 пош хурд. Лекин худи Хоразмшоҳ низ дертар аз дасти истилои муғул дар Хоразм, Эрон ва Қафқози ҷанубӣ шикаст хурда аст. Истилои Муғул Дар аввали асри XIII минтақа аз тарафи муғулон забт карда шуд. Дар миёнаи асри XIII давлати муғулии Ҳулокуиён барпо гашт, ки Озарбойҷони Эронро ҳамҷун пойгоҳи асосии худ гирифта буд, ва пойтахт дар Табрез дошт. Давлатҳои Қаро-Қоюнлу ва Оқ-Қоюнлу Баъди барҳам хӯрдани давлати Ҳулокуиён дар сарзамини он аз Дарбанд то Бағдод, давлатҳои Туркман ва Оғуз - Қаро-Қоюнлу ва Оқ-Қоюнлу барпо гаштанд, ки бо якдигар дар мубориза буданд. То соли 1410 Қаро-Қоюнлуиён ҳокимияти худро дар қисми калони Қафқози ҷанубӣ, Эрони шимолу ғарбӣ ва қисми калони Ироқи арабӣ пойдор карданд. Соли 1461 ҳокимияти минтақаро Оқ-Қоюнлуиён ба даст мегиранд. Дар миёнаи асри XV ҷанг байни Оқ-Қоюнлуиён ва Давлати Усмониён сар шуд. Кушишҳое ба роҳ монда шуданд, ки иттифоқи зиддиусмонӣ барпо шавад, ва бар он шоҳигариҳои Гурҷистон, давлати Трапезунд ва ҳатто бархе аз давлатҳои Аврупо низ дохил шаванд. Аммо соли 1461 Усмониён давлати Трапезундро аз байн бардоштанд, ва соли 1473 дар наздикии Тарҷон лашкари Узун-Гасани Оқ-Қоюнлуро шикаст доданд. Минтақаи таърихӣ ва давлати Шервон (ки дар он шаҳри Боку ҷойгир аст) дар тӯли асри XV мустақилияти нисбии худро ҳифз кардааст. Давлати Сафавиён Дар охири асри XV — аввали асри XVI қисмати нави таърихи Озарбойҷон оғоз ёфт. Шоҳ Исмоил I Сафавӣ тавонист зери ҳокимияти худ тамоми Қафқози ҷанубӣ ва Озарбойҷони Эронро (ҷанубтар аз дарёи Аракс) дарорад. Иттифоқчиёни Исмоил дар муҳориба зидди туркон Инглистон ва Португалия буданд. Аммо, шикаст хурдани ӯ назди Чолдирон соли 1514 ба империяи ӯ зарбаи сахт расонид. Барои обрӯи ӯро паст задан, ҳокими усмонӣ Султон Салими I баъди ин муҳориба оилаи императори сафавии дар ин ҷанг ярадор шударо асир гирифт. Қизилбошиҳо ва усмониён тули 400 сол бо ҳам ҷангиданд. Дар охири асри XVI империяи Сафавиён аз муҳорибаи дарозмуддат суст гашт ва дар натиҷа тамоми заминҳои Озарбойҷони ҳозира ба дасти усмониён гузашт. Ҳокимияти усмониён дар Аррон ва Озарбойҷон 20 сол тӯл кашид. Вориси тахти Сафавиён, абераи Шоҳ Исмоили I, Шоҳ Аббоси I дар муддати кӯтоҳ лашкари ҷангӣ барпо сохт ва турконро шикаст дода, дар аввали асри XVII қариб ба пуррагӣ империяи пештараи Сафавиёнро аз нав барпо сохт. Аммо давлати навбарпои Сафавиён симои форсӣ гирифт: бо вуҷуди он, ки дар дарбор аксарияти пойгоҳҳои муҳимро то ҳол туркони озарбойҷон дар даст доштанд, забони озарбойҷонӣ дигар забони давлатӣ набуд. Дар аффали асри XVIII империяи Сафавиён боз суст гашт, ва тамоми Озарбоҷон ва Эронро туркон гирифтанд. Истилои нави усмониён ҳамагӣ 6 сол тӯл кашид. Баъди шикаст хӯрдани давлати Сафавиён ба сари давлат Нодир-шоҳ омад, ва туркони усмониро дур сохт, ва территорияи худро боз ҳам фарохтар сохт: соли 1739 Ҳиндустони шимолиро, бо Деҳлӣ забт кард. Аммо баъди марги Нодир-шоҳ империяи у пош хӯрд. Хонигариҳои Озарбойҷон Тӯли ҳокимияти Нодир-шоҳ чандин хонигариҳои озарбойҷонӣ пайдо шуданд, ки кӯшиши мустақилият доштанд. Дар аввали асри XIX Эрон аз нав аз тарафи сарвари қабилаи туркии Қоҷорҳо Оқо Муҳаммад Шоҳ Қоҷор муттаҳид карда шуд. Хонигариҳои Озарбойҷони ҷанубӣ аз тарафи Эрони Қоҷорӣ ғасб гаштанд, вале хонигариҳои Қафқози ҷанубӣ тавонистанд мустақилияти худро дар даст дорад. Аз инҳо хонигарии Куба ва Қаробоғ аксарияти хонигариҳои дигарро зери тобеияти худ гирифтанд. [22][23]. Дар ҳайати Империяи Русия Дар асосӣ аҳдномаи Гулистон ва Туркманчой, ки ҷанги Русия ва Эронро хотима бахшиданд, шоҳи Эрон территорияи Озарбойҷони ҳозираро ба Русия гузашт кард[24]. Республикаи Демократии Озарбойҷон То соли 1918 озарбойҷониҳо давлати худро надоштанд, ва дар муқоиса бо гурҷиҳо ва арманиҳои ҳамсоя, ки худро давомдиҳандаи анъанаи миллии чандинсола меҳисобиданд, мусулмонони Қаҷқози ҷанубӣ худро ҳамчун қисми чудонашавандаи дунёи бузурги исломӣ - Уммат меҳисобиданд, [25]. Моҳи майи 1918 год бо рафти ҳодисаҳои инқилобӣ ва дар натиҷаи Пароканда шудани империяи Русия ва ба вуҷуд омадани ИҶШС дар Қафқози ҷанубӣ се давлати соҳибистиқлол эълон шуданд: Республикаи Демократии Гурҷистон, Якум Республикаи Арманистон ва Республикаи Демократии Озарбойҷон[26]. Аммо аҳолии армании Қаробоғ ва Зангезур нахостанд ба ҳукумати РДМ тобеъ шаванд. Аввалин ҷамъомади арманиҳои Қаробоғ, ки 22 июли 1918 дар Шуша барпо шуда буд, Қаробоғи Кӯҳиро воҳиди мустақил эълон кард ва ҳукумати халқии худро интихоб кард (аз сентября 1918 г. — Шӯрои миллии армании Қаробоғ). Муқобилият байни лашкарҳои озарбойҷонӣ ва арманӣ дар минтақа то барпо шудани ҳукумати шӯравӣ дар Озарбойҷон давом дод. Озарбойҷони Шӯравӣ 28 апрели соли 1920 дар территорияи РДО Республикаи Шӯравии Сотсиалистии Озарбойҷон (РШС Озарбойҷон) ташкил карда шуд. Моҳи июли 1923 ноҳияҳои аксаран арманинишини РШС Озарбойҷон ба воҳиди худмухтор муттаҳид карда шуданд (Вилояти Худмухтори Қаробоғи Кӯҳӣ). Сиёсат ва ҳукумат Президенти Озарбойҷон Сарвари давлат президент аст. Озарбойҷон — республикаи президентӣ мебошад. Президент ба воситаи интихоботи умумихалқӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешавад. Ҳамаи мансабдорони давлатиро президент таин мекунад. Дар ҳолати имконнопазир будани гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз сабаби эълон шудани ҳолати ҷангӣ, мӯҳлати салоҳияти Президенти Озарбойҷон то ба итмом расидани ҳолати ҷангӣ дароз карда мешавад. Чунин қарорро суди Конститутсионии Республикаи Озарбойҷон дар асоси аризаи органи давлатии ташкилкунандаи интихобот (референдум) қабул мекунад. Сиёсати дохилӣ Органи олии қонунгузори Озарбойҷон — Маҷлиси Миллии якпалатагӣ (Милли меҷлис — озарбойҷонӣ: Milli Məclis) аст. Он аз 125 депутат иборат буда, ба воситаи овоздиҳии умумихалқӣ ба мӯҳлати 5 сол дар округҳои якмандатӣ интихоб мешавад. Нахустин интихоботи парламентӣ дар таърихи Озарбойҷони соҳибистиқлол соли 1995 гузаронида шуданд. Таркиби ҳозираи парламент ноябри 2010 интихоб шуда аст. Аксарияти депутатҳо беҳизб ҳастанд ё ҳизби ҷонибдори президентро, ки «Озарбойҷони Нав» ном дорад, намояндагӣ мекунанд. Ҳизбҳои оппозитсионӣ низ дар парламент ҳузур доранд. Ҳизб Ҷой Δ (дар муқоиса бо интихоботи соли 2005) Озарбойҷони Нав (74) Шаблон:Болоравӣ 13 Ҳизби ҳамфикрии гражданӣ 3 Шаблон:Бе тағйирот Ҳизби Ватан («Ана Вэтэн») 2 Шаблон:Бе тағйирот Номзадҳои беҳизб 38 Шаблон:Поёнравӣ 5 Узвияташонро ба ягон ҳизб ишора накардагон 8 Шаблон:Болоравӣ 5 Ҳамагӣ дар республика зиёда аз 30 ҳизби сиёсӣ ва ҳаракатҳо фаъолият мебаранд[27]. Асосиашон инҳоанд: Ҳизби «Озарбойҷони Нав», Ҳизби Соҳибистиқлолии Милии Озарбойҷон, ҳизби «Мусават» (Ҳизби баробарӣ), Ҳизби Ҷабҳаи Миллии Озарбойҷон, Ҳизби Либералии Озарбойҷон, Ҳизби Сотсиаливу Демократии Озарбойҷон, Ҳизби Демократии Озарбойҷон. Сиёсати хориҷии Озарбойҷон Озарбойҷон бо шумори зиёди кишварҳо алоқаи дипломатӣ дорад. Давлатҳои асосии ҳамкор инҳоанд: Итолиё, Русия, Олмон, ИМА, Туркия, Исроил. Алоқаҳои дипломатӣ бо Арманистон, аз сабаби иштирок доштани он дар ҷанги Қаробоғ, вуҷуд надоранд. Озарбойҷон узви аксарияти ташкилотҳои байналмиллалии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аст: ТДМ[28]; Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)[29]; Шӯрои Аврупо ИДМ; Ҳаракати ҳамроҳнагардӣ (Движение неприсоединения) ГУАМ[30]; ТҲИ; Ташкилоти ҳамкории иқтисодии кишварҳои баҳри сиёҳ; Ташкилоти Конфронси Исломӣ[31]; Шӯрои Ҳамкории Кишварҳои Туркзабон. Озарбойҷон дар барномаи НАТО Ҳамкорӣ барои сулҳ иштирок мекунад. |
About us|Jobs|Help|Disclaimer|Advertising services|Contact us|Sign in|Website map|Search|
GMT+8, 2015-9-11 20:13 , Processed in 0.158848 second(s), 16 queries .