Забони тоҷикӣ, ки дар Эрон: форсӣ, ва дар Афғонистон дарӣ номида мешавад, забони давлатии кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон мебошад. Дар Ӯзбакистон, агарчӣ забони ақаллият тоҷикӣ маҳсуб мешавад, вале дар Ӯзбакистон зиёда аз 15 миллион нафар ба тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд. Ин забон ба хонаводаи забонҳои ҳинду-аврупоӣ дохил мешавад. Дар маҷмӯъ: порсигӯёни асил(форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ) зиёда аз 122 млн мардум мебошанд. Аммо тамоми порсигӯёни ҷаҳон 222 млн ҳастанд. Фақат ба гӯиши тоҷикӣ 44 миллион нафар гап мезананд. Забони тоҷикӣ, яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои 7-8 сар шудааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузург Рӯдакӣ, Фирдавcӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ,Мавлоно, Ҳофиз, Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода ва дигарон асарҳо эҷод кардаанд. Забони тоҷикӣ диққати олимон ва нависандагони оламро ба худ ҷалб кардааст. Ба омӯзиши забони порсӣ-тоҷикӣ яке аз асосгузорони коммунизми илмӣ Фридрих Энгелс мароқ зоҳир карда буд. Забони тоҷикӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва садҳо вожаҳои нав ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ ворид мешаванд. Таснифот Забони тоҷикӣ, ки аз хонаводаи забонҳои ҳинду-аврупоӣ порсӣ - тоҷикӣ ва порсӣ - дарӣ дар асл форсӣ = порсӣ мибошад, ба забонҳои эронӣ дохил мешавад. Забони тоҷикӣ ба забонҳои порсиву дарӣ хеле монанд аст ва аҳолии кишварҳои Эрон, Ӯзбакистон, Кирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон, инчунин дар Тошқурғони Ҷумҳурии Халқии Чин бо ин забон гуфтугӯ мекунанд. Солҳои баъди Истиқлоли ҶТ тоҷикони зиёде ба муҳоҷират ба Руссия барои кор рафтаанд ва баъзеҳояшон онҷо муқимӣ гаштанд, алалхусус дар шаҳрҳои калони Россия. Ҳоло тоҷиконро дар тамоми гӯшаву канори ФР пайдо кардан мумкин аст. Аз рӯи ҳисоби омории Руссия, ҳоло дар Руссия зиёда аз 222 ҳазор мардуми тоҷик муқимӣ гаштаанд. Муҳоҷирони тоҷик бошанд дар Руссия зиёда аз 1,5 млн шахсро фарогир ҳастанд. Тақсимоти ҷуғрофӣ Шеваҳо Шеваҳои забони тоҷикӣ 4 гурӯҳ дорад. Шеваи шимолӣ (Шимоли Тоҷикистон, ҷануби Ӯзбакистон ва Қирғизистон) Шеваи марказӣ (Шеваҳои Мастчоҳ, Айнӣ, Ҳисор, ва Варзоб) Шеваи ҷанубӣ (Шеваҳои Рашт ва Кӯлоб) Шеваи ҷануби-шарқӣ (Шеваҳои Панҷ ва Дарвоз) Фонология Садонокҳо Забони тоҷикӣ 5 садонок дорад. Садонокҳо тоҷикӣ Пеш Марказ Қафо Баланд и /i/ у /u/ Миёна е /eː/ ӯ /ɵː/ о /ɔː/ Паст а /a/ Ҳамсадоҳо Губные (лабӣ) Зубные(дандон-)/ Альвеолярные Пост- альвеолярные Палатальные Велярные (пуштикомӣ) Увулярные Глоттальные Носовые (унна) м /m/ н /n/ Взрывные п б /p/ /b/ т д /t/ /d/ к г /k/ /g/ қ /q/ ъ /ʔ/ Щелевые ф в /f/ /v/ с з /s/ /z/ ш ж /ʃ/ /ʒ/ х ғ /x/ /ʁ/ ҳ /h/ Аффрикаты ч ҷ /tʃ/ /dʒ/ Дрожащие р /r/ Аппроксиманты л /l/ й /j/ Грамматика Мақолаи асосӣ: Грамматикаи забони тоҷикӣ Морфология Синтаксис Луғат Системаи навиштан Мақолаи асосӣ: Алифбои тоҷикӣ Таърих Забони тоҷикӣ - забони модарии мардуми тоҷик, ки аҳолии aсосии Ҷумҳурии Tоҷикистонро ташкил медиҳад (88%), ба ҳисоб меравад. Берун аз марзи ин давлат забони тоҷикиро тоҷикони маҳаллӣ дар дар қисмати аъзами аз шаҳру ноҳияҳои кишвари Узбекистон (ба хусус дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд ва ҳатто Термезу Намангон) ба ҳайси забони модарии xеш зиёда аз 15 миллион мешиносанд ва ҳамчун воситайи гуфтугузори ҳарруза истифода мебаранд. Ҳатто дар шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд гуфтугӯи мардуми ин шаҳрҳо ба тоҷикӣ сурат мегирад. Танҳо дар як шаҳри Тошканд зиёда аз 1 млн тоҷикон сукунат доранд. Бо забони тоҷикӣ инчунин намояндагони миллатҳои дигар, ки маскуни Тоҷикистон ҳастанд, ҳангоми муомила бо тоҷикзабонон тоҷикӣ ҳарф мезананд. Зиёда 40 дарсади аҳолии Aфгонистон, ки аз лиҳози этнологӣ тоҷик ҳисоб мешаванд (зиёда аз 15 млн) ва худро тоҷик меноманд, ҳарчанд бо забони аз тоҷикии Oсиёйи Миёна фарқи бузург надошта гуфтугу мекунанд, валекин забони хешро расман форсӣ - дарӣ ва ё кобулӣ мегӯянд ва худро тоҷик ном мебараранд. Аксари кулли мардуми Афғонистон ба забони тоҷикӣ (88%) гуфтугӯ мекунанд. Ҳатто ҳамаи паштунҳо тоҷикӣ балад ҳастанд. Тайи солҳои охир забони тоҷикиро аз муҳочирони миллаташон тоҷик дар гӯшаҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ,махсусан Русия, зиёда 222 ҳазор расмӣ ва ҳамчун муҳоҷир зиёда аз 1,5 миллион, инчунин дар шаҳрҳои Эрон, Туркия, мамолики Иттиҳоди Аврупо ва дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикова Канада шунидан мумкин аст. Аз чиҳати забоншиносӣ забони тоҷикӣ ба гуруҳи ғарбии забонҳои эронӣ, oилаи калони ҳиндуаврупои дохил карда мешавад. Бар ин гўруҳ аз забонҳои имрӯзи зинда ғайр аз тоҷикӣ ду забони дигар, ин ҳам бошад, форсии навин (теҳронӣ), яъне забони Эрони имрӯза ва забони дарӣ - кобулӣ, ки дар боло аз он сухан рафт, тааллуқ доранд. Ҳар сеи ин забони имрӯза давомгирандагони бевоситаи забони форсии нав, ки ҳамчунин бо номворҳои порсӣ (форсӣ ин шакли арабикунондашудаи ин калима аст), форсии классик aдабӣ ё форсӣ дарӣ маъруф аст, мебошанд. Он забон дар навбати худ аз забони форсии миёна, ки дар аҳди Сосониён чаҳорсад сол роли забони давлати cунатии империюми бузургро иҷро мекард ва имрузҳо дар байни забоншиносон чун забони паҳлавӣ шинохта мешавад, сарчашма гирифта дар садсолаҳойи ҳастум ва нуҳум ба вучуд омад.Аз ҳамон вақт инчониб дар таркиби лугавӣ забони форси аз калимаҳойи арабӣ хеле васеъ истифода карда мешавад. Ҳиссаи лексикаи аз забони арабӣ иқтибоссуда дар баъзе матнҳои насри классикӣ то 80 фоизро ташкил медиҳад. Дар забони форс классики дар давоми қарнҳойи 9-17 адабиёти бойи оламшумул эҷод карда шуд дар сарзаминҳои Осиёйи Миёна, Эрон, Афгонистон, инчунин дар Озарбойчон, Покистон ва Ҳиндустон, ки дар давраҳои гуногуни таърих забони давлатияшон форсӣ буд. Гарчанде ки тули ин садсолаҳо забони классикӣ, яъне забони адабиёт тағйири зиёде надид ва чун пештара дар тамоми олами форсизабон ягона буд, забони гуфтугуй мардум, забони зинда ба таври интенсивӣ дигаргуниҳои нав мепазируфт ва аз забони адабӣ торафт дур мешуд. Ба замми ин дар натичаи ба миён омадани фарқиятҳойи намоён дар инкисофи сиёсӣ, динӣ ва ичтимоъӣ кишварҳойи олами форсизабон, хусусан баъд аз қарни пурошӯби 16ум дар байни шеваҳои ҳам адабӣ, ҳам гуфтугуй минтақаҳои гуногун номонандиҳои чиддие пайдо гаштанд. Оддӣ карда гӯем, забони ҳар як давлат роҳи инкисофи хешро пеш гирифт. Ҳамин тавр, аз асри шонздаҳ сар карда метавон дар бораи забони тоҷикӣ чун мафҳуми илми сухан гуфт. Ба ин маром забони тоҷикиро забони аҳолии форсизабони Осиёйи Миёна аз садсолайи 16ум минбаъд донистан ҷоиз аст. Аммо мисли он ҳоле ки дар боло ёдовараш шудем, дар дохили худи забони тоҷикӣ низ фарқиятҳо арзи ҳастӣ кардан гирифтанд ва ба ин минвол ба асри 19 омада ҳам байни забони адабиёту забони омма, ҳам байни лаҳчаҳои маҳалҳои гуногун фарқияти бузурге ба миён омад. Ҳанӯз ҳамон вақт маорифпарвари Бухоро Аҳмади Дониш кӯшиш ба харҷ дод, то забони адабиро оммафаҳм ва аз ибораҳойи душвору такаллуфомез барӣ гардонад. Лекин кори асосиро дар самти ба роҳ мондани нормаи ягонаи забон дар айёми Шӯравӣ олимон ва адибони тоҷик бо сарвар Садриддин Айнӣ анчом доданд. Ҳамчун асоси забони адабӣ забони классик aсрҳои 16-19 бидуни арабизмҳои душворфаҳми он гирифта шуд, валекин сохти грамматикӣ ва лексикаи забони навбунёди тоҷикиро шеваи мардуми тоҷикзабони водии Зарафшон, аз чумла Бухорову Самарқанд ташкил дод. Далели ин қарори забоншиносони онвақтаи тоҷик ин буд, ки дар ин минтақа тоҷик нисбатан асил ва тоза боқӣ мондааст. Дар ин забон, яъне забони расман тоҷикӣ, дар солҳойи Шӯравӣ адабиёти бисёр интишор ва забони тоҷикӣ нашъунамо ёфт. Дар асри ҷаҳонишавӣ форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ ба ҳам наздик шуда истодаанд ва дар оянда метавон гуфт, ки ин се шоха боз як забони умумро ифода кунанд ва барои 222 миллион порсигӯ забони ҳаставӣ қарор гирад. Фарқиятҳои гӯишии Тоҷикистон ва Aфғонистон ва Эрон Забони адабии тоҷикӣ аз ҷиҳати фонетикӣ ва луғавӣ байни ин ойилайи сегона ҳам ба форсии классикӣ ва ҳам ба паҳлавӣ аз ҳама бештар наздикӣ дорад. Яъне, забони тоҷикӣ қадимтар аст, фонетика (дар инҷо кобулӣ ба тоҷикӣ наздиктар аст) ва таркиби луғавии oн дар тули асрҳо дигар нашуда ва бинобарин архаикӣ мондааст. Ҳолоонки тарзи талаффузи эрониҳо баройи гушҳои тоҷикон ва афғонистониҳо бегона мерасад, чунки модернтар ва мулойимтар аст. Ибораҳо, стилистика ва тарзи ҷумлабандии тоҷикон то ҳудудӣ дигаранд. Дар натиҷайи ҳамзистии мардуми тоҷик бо мардуми туркзабон, хусусан бо халқи ӯзбак дар тули асрҳо, ба забони тоҷикии гуфтугуйӣ ва лаҳҷаҳойи он зиёдтар калимаҳойи баромадашон туркӣ ворид гаштаанд. Баръакс фойизи лексикайи арабӣ дар гӯиши Тоҷикистон нею дар гӯишҳои Эрон ва Афғонистон, яъне забонҳойи давлатҳойи исломӣ баландтар аст. Ҳам ба тоҷикии aдабӣ, ҳам ба тоҷикии гуфтугуйӣ муддати шаст-ҳафтод соли охир забони русӣ та'сири бузург расонидааст ва расонида истодааст. Ҳаминтавр, калимаҳойи байналмилалиро гуиши тоҷикистон аз русӣ иқтибос карда меояд то ҳануз, дар ҳоле ки теҳронӣ аз фаронсавӣ ва инглисӣ ва кобулиҳо аз инглисӣ истифода мекунанд. Рост аст, ки имрузҳо метавон дар матбуот ва телевизиони Тоҷикистон ба шакли фаронсавӣ-теҳронии kалимаҳойи хориҷӣ дучор омад, ки корбаст карда мешаванд ба ҷойи пешина тарзи рус навишти онҳо, масалан конфронс ба ҷойи конферентсия. Вале ҷиддитарин фарқияти гуиши тоҷикиро аз кобулию теҳронӣ дар грамматика пайхас мекунем. Чунин шаклҳо мисли "рафта истодаам; падарама ҷойи корасон"-тоҷикон ё "дорам мирам, исмиш Фирийдун ҳастиш"-и эрониҳо байни ҳамдигари онҳо фаҳмо нестанд. Ва албатта, наметавон қайд накард ин нуктаро, ки тамоми адабиёти форсии kлассикӣ ба хатти форсӣ навишта шуда ва ин хат то ҳануз дар Эрону Афгонистон ҷорӣ аст, миллати тоҷик бошад, аз сабабҳойи сиёсӣ ду бор тайи 80 соли охир алифбояшро дигар кард, аввал аз ҳуруфи форсӣ ба лотинӣ, баъд ба кириллик гузашт. Ин яке аз омилҳойи асосийест, ки ин гӯишҳоро боз ҳам аз якдигар дуртар сохтааст. Ҷадвал Забони тоҷикӣ моҳ нав модар хоҳар шаб бинӣ се сиёҳ сурх зард сабз гург Дигар Забонҳои Ҳинду-Аврупоӣ Забони форсӣ mâh now mâdar хâhar šab bini se siyâh sorx zard sabz gorg Забони мозандаронӣ mâ/munek now mâr хâxer šo feni se siyu serx zard savz verg Забони толишӣ манг нуй моâ hовâ шâв выни се сийо сы зард hавз нечи, варг Забони пушту myāsht nəvay mōr khōr shpa pōza dre tōr sur zhaṛ shin lewa Забони осетинӣ мæй нæуæг мад хо æхсæв фындз æртæ сау сырх бур цъæх бирæгъ Забони урду māh / māheena nayā mā / walda behn rāt nāk tīn siah / kālā surkh / lāl pīlā sabz / harā bheyrya Забони ҳиндӣ mās nayā mātā bahin rāt nāk tīn kālā / shyam lāl pīlā harā bik Забони русӣ месяц новый мать сестра ночь нос три чёрный красный жёлтый зелёный волк Забони сербӣ месец ново мајка сестра ноħ нос три црно црвено жуто зелено вук Забони англисӣ month new mother sister night nose three black red yellow green wolf Забони даниягӣ måned ny moder søster nat næse tre sort rød gul grøn ulv Забони арманӣ amis nor mayr quyr gisher qit erek' sev karmir deghin kanach gayl Забони лотинӣ mēnsis novus māter soror nox nasus trēs āter, niger ruber flāvus, gilvus viridis lupus Забони фаронсавӣ mois nouveau mère soeur nuit nez trois noir rouge jaune vert loup Забони итолиявӣ mese nuovo madre sorella notte naso tre nero rosso giallo verde lupo Забони олмонӣ Monat neu Mutter Schwester Nacht Nase drei schwarz rot gelb grün Wolf Забони португалӣ mês novo mãe irmã noite nariz três negro vermelho amarelo verde lobo Забони испанӣ mes nuevo madre hermana noche nariz tres negro rojo amarillo verde lobo Забони каталанӣ mes nou mare germana nit nas tres negre roig / vermell groc verd llop Забони руминӣ luna nou/noi mamă soră noapte nas trei negru roşu galben verde lup Забони чехӣ měsíc nové matka sestra noc nos tři černý červený žlutý zelený vlk Забони кимрӣ (زبان ولزی) mis newydd mam chwaer nos trwyn tri du (/di/) coch, rhudd melyn gwyrdd, glas blaidd Забони полякӣ miesiąc nowy matka siostra noc nos trzy czarny czerwony żółty zielony wilk Забони латишӣ mēnesis jauns māte māsa nakts deguns trīs melns sarkans dzeltens zaļš vilks Забони литвонӣ mėnuo naujas motina sesuo naktis nosis trys juoda raudona geltona žalias vilkas Забони булғорӣ месец нов майка сестра нощ нос три черен червен жълт зелен вълк Забони украинӣ місяць новий мати сестра ніч ніс три чорний червоний жовтий зелений вовк Забони белорусӣ месяц новы маці сястра ноч нос тры чорны чырвоны жоўты зялёны воўк Мисолҳо Шеър дар васфи забони тоҷикӣ Қанд ҷӯйи, панд ҷӯйи эй ҷаноб, Ҳарчи меҷӯйи, биҷӯ, Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб, Ҳарчи меҷӯйи, биҷӯ. Порсӣ гӯйи, дарӣ гӯйи варо, Ҳарчи мегӯйи, бигӯ. Лафзи ишқу дилбари гӯйи варо, Ҳарчи мегӯйи, бигӯ. Баҳри ман танҳо забони модарист Ҳамчу меҳри модар аст. Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест, Чунки шири модар аст. З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам Дӯст медорам варо, Чун навозишҳои гарми модарам Дӯст медорам варо. Аз Мӯъмин Қаноат |
About us|Jobs|Help|Disclaimer|Advertising services|Contact us|Sign in|Website map|Search|
GMT+8, 2015-9-11 20:13 , Processed in 0.165844 second(s), 16 queries .